Идомаи машваратҳои Амирабдуллоҳиён дар ҳошияи иҷлоси маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i107446-Идомаи_машваратҳои_Амирабдуллоҳиён_дар_ҳошияи_иҷлоси_маҷмаъи_умумии_Созмони_Миллали_Муттаҳид
Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар идомаи дидорҳои худ дар ҳошияи иҷлоси маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо вазирони хориҷаву мақомоти шуморе аз кишварҳо дидору гуфтугу кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 23, 2023 10:07 Asia/Dushanbe
  • Идомаи машваратҳои Амирабдуллоҳиён дар ҳошияи иҷлоси маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид

Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар идомаи дидорҳои худ дар ҳошияи иҷлоси маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо вазирони хориҷаву мақомоти шуморе аз кишварҳо дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонусайни Амирабдуллоҳиён дар идомаи ройзаниҳо(машваратҳо)и дипломатии фишурдаи худ дар ҳошияи ҳафтоду ҳаштумин маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ҷумъашаб ба вақти маҳаллӣ бо вазирони умӯри хориҷаи Бразилия вау Нигерия дидор ва гуфтугу кард.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин бо Парк Ҷейн-ҳамтои Кореяи ҷанӯбии худ чанд рӯз пас аз такмили озодсозии пулҳои блокашудаи Эрон дар Сеул дидору гуфтугу кард.
Дидори Амирабдуллоҳиён бо Парк Ҷейн пас аз дидори вай бо Сергей Лавров-вазири умӯри хориҷаи Русия анҷом шуд.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон барои ширкат дар ҳафтоду ҳаштумин маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид
дар Нию-Йорк ба сар мебарад.