Сентябр 23, 2023 19:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон тавлидкунандаи доруи зиддисаратони «Ibrutinib»

Эрон ба ҳиммати ширкатҳои донишбунён ба ҷамъи се кишвари тавлидкунандаи доруи зиддисаратони «Ibrutinib» пайваст.

Ба гузориши ИРНА, бо таваҷҷуҳ ба инки ин маҳсӯл ҷузви маҳсӯлоти роҳбурдӣ дар кишвар маҳсӯб мешавад ва дар шароити хосе беморон аз он истифода мекунанд, баъд аз панҷсол мароҳили таҳқиқотӣ ва фишурда, тавлид шудааст ва ҳамакнӯн омодаи масрафи беморон аст.

Илова бар тавлиди дору, модаи аввалияи сохти он ҳам дар Эрон, бумӣ шудааст ва акнӯн Эрон дар канори Чину Ҳинд се кишвари соҳиби дониши фаннии сохти модаи аввалияи ин дору дар ҷаҳон маҳсӯб мешаванд.

Саҷҷоди Қадбегӣ, мудири таҳқиқоти ширкати донишбунёни тавлидкунандаи ин дору гуфт, ин дору барои дармони саратонҳои хун истифода мешавад, лейкемияи музмини лимфоидӣ (cll) ва лейкемияи лимфоситарӣ кучаки CLL ва ҳамчунин барои касоне, ки пайванд анҷом додаанд.