Сентябр 24, 2023 19:16 Asia/Dushanbe
  • Бозиҳои осиёии Ханчжоу: Роҳёбии тими волейболи соҳилии Эрон ба якчаҳоруми ниҳоӣ

Тими миллии (алиф)-и волейболи соҳилии Эрон бо шикасти Ҷопон ба марҳалаи як чаҳоруми ниҳоии бозиҳои Осиё роҳ ёфт.

Ба гузориши ИРНА, мусобиқоти волейболи соҳилии нӯздаҳумин давраи бозиҳои Осиё бо ширкати 27 тим аз рӯзи душанбе 19 сентябр оғоз шуда ва то 28 сентябр дар заминҳои соҳилии шаҳри Нинбо идома дорад.

Марҳалаи нахусти ҳазфии ин рақобатҳо аз субҳи имрӯз (якшанбе) оғоз шуду тимҳои миллии волейболи соҳилии Эрон низ ки бо касби се пирӯзии мутаволӣ, бидуни шикаст ба унвони тимҳои аввали гуруҳҳои F ва H ба ҷамъи 16 тими бартари мусобиқот роҳ ёфта буданд, дар ҷадвали такҳазфӣ қарор гирифтанд ва барои роҳёбӣ ба ҷамъи ҳашт тими бартари мусобиқот талоши худро оғоз карданд.

Бад-ин тартиб ду тими Эрон ба марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ ва ҳашт тими бартари бозиҳои Осиё роҳ ёфтанд то фардо (душанбе) ба масофи ҳарифони худ бираванд.

Бозиҳои осиёии Ханчжоу Чин, аз 23 сентябр то 8 октябри 2023 баргузор мешавад.

 

Барчасп