Сентябр 25, 2023 15:18 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Эрон ниёз ба силоҳи ҳастаӣ надорад
    Раисӣ: Эрон ниёз ба силоҳи ҳастаӣ надорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон: Истифода аз силоҳи ҳастаӣ ва ба таври кулли истифода аз силоҳҳои кӯштори ҷамъӣ ҷое дар дуктурини низомии Эрон надорад чун эътиқоде ба чунин таслиҳоте надорад.

Ба гузориши Садои Хуросон «Сайид Иброҳими Раисӣ» Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯ бо шабакаи  "CNN" дар  бораи иттиҳомоти бепоя ва асоси Ғарб ва режими саҳюнистӣ барои ғайри мусолеатомез ҷилва додани барномаи сулҳомзи ҳастаии Эрон афзӯд: Эрон борҳо эълом карда, ки истифод аз силоҳи ҳастаӣ ва ба таври кулли истифода аз силоҳҳои кӯштори ҷамъи ҷое дар дуктурини низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон надорад зеро эътиқоде ба чунин таслиҳоте надорад. Раисӣ дар бораи лағви муҷавизи фаъолияти шуморе аз бозрасони ожонси байналмилалии энержии атоми низ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ мушкиле бо ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои бозраси аз сайтҳои  ҳастаии худ надорад ва фақат теъдоде аз бозрасон ҷо ба ҷо хоҳанд шуд. Раисии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши дигаре аз  суханонаш дар вокуниш ба таблиғоти дуруғини саҳюнистҳо дар бораи тавофуқномаҳои оддисозии равобит бо ароб таъкид кард: Талошҳои Амрико барои оддисозии равобити режими саҳюнистӣ бо кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс ҳеҷ ҷойгоҳи муваффақиятомезе нахоҳад буд. Раиси қуваи Муҷрияи Эрон тасреҳ кард: Барқарории равобити режими саҳюнистӣ бо Арабистони Саъудӣ, ки мизбони муқаддастарин амокини исломӣ аст бузургтарин ҷоизае барои режими ишғолгар хоҳад буд ва жеополетики Ховармиёнаро тағиир медиҳад.