Сентябр 25, 2023 18:42 Asia/Dushanbe
  • Суъуди тими миллии волеболи Эрон ба финали бозиҳои Осиёии Ханжоу
    Суъуди тими миллии волеболи Эрон ба финали бозиҳои Осиёии Ханжоу

Тими милии волеболи Эрон бо пирузи муқобили Қатар ба финали бозиҳои Осиёии Ханжоу суъуд кард.

Ба гузориши ИРНА, марҳалаи ниманиҳоӣ мусобиқоти волеболи бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 имруз душанбе бо ду дидор пайгири мешавад, ки тими миллии волеболи Эрон дар ин чорчуб ба масофи Қатар рафт.

Шогирдони Беҳрузи Атоӣ дар ин мусобиқа дар се сети пай дар пай ва бо имтиёзҳои 25 бар 20, 25 бар 20 ва 25 бар 22 ба пирузи расиданд то барои шашумин бор ба дидори ниҳоӣ бозиҳои Осиёӣ роҳ ёбад.

Тими миллии волеболи Эрон дар ин давра аз бозиҳои Осиёӣ ёздаҳумин ҳузури худро таҷруба мекунад мардони волеболи Эрон дар 10 давраи қабли ду медали тилло соли 2014 ва 2018 се унвони ноибқаҳрамонии солҳои 1958, 2002 ва 2010 ва як мақоми севум соли 1966 касб карданд.

Барчасп