Сентябр 25, 2023 20:16 Asia/Dushanbe
  • Раиси созмони энржии атомӣ Эрон: Тавлиди барқи ҳастаӣ Эрон то соли 2040 ба 20 ҳазор мегават афзоиш меёбад
    Раиси созмони энржии атомӣ Эрон: Тавлиди барқи ҳастаӣ Эрон то соли 2040 ба 20 ҳазор мегават афзоиш меёбад

Раиси сомзони энержии атомӣ Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ростои барномаи роҳбурдии рушди миллии худ мусамам аст то соли 2040 саҳми барқи ҳастаӣ дар сабади энержии кишварро ба 20 ҳазор мегават афзоиш диҳад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Исломӣ раиси созмони энержии атмоӣ Эрон рузи душанбе дар шастуҳафтумин нишасти солонаи конфронси умумии ожонси байналмилалии энержи тамоӣ дар Вена афзуд: Мутолеъоти тарҳи афзоиши саҳми барқи ҳастаӣ дар сабади энержӣ Эрон ва барномарези ва сохти неругоҳҳо оғоз ва ба навъи муқтазии ожонс аз ин барномаҳо муталеъ шуда аст.

Исломӣ гуфт: Ҷумҳурии Исломи Эрон бо вуҷуди таҳримҳои золимона дар ростои иртиқои кайфияти зиндагӣ мардум тароҳи ва сохти рактори таҳқиқоти, шитобдиҳандаҳо, сомонаҳои партавдиҳи, тавлид ва корбурди родизутупҳо дар заминаҳои саломат, кишоварзӣ, муҳии зист ва саноатро дар дастури кори худ қарор дода ва рушди онро идома хоҳад дод.

Мувоини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома бо баёни ин ки хали силоҳи ҳастаӣ барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ аҳамияти махсуси дорад таъкид кард: Рушди ками ва кайфи зурадхонаҳои ҳастаӣ нигаронкунанда буда ва ин раванд муғоир бо таъаҳудоти расми ва пазируфта шуда дорои кишварҳои силоҳи ҳастаӣ аст.

Шастуҳафтумин нишасти солонаи конфронси умумии ожонси байналмилалии энержи атомӣ 25 то 29 сентябри соли 2023 дар Вена пойтахти Австрия баргузор мешавад.

Барчасп