Сардор Ҳоҷизода: Эрон дар ҳавзаи паҳподӣ соҳиби сабк аст
(last modified Wed, 27 Sep 2023 04:03:27 GMT )
Сентябр 27, 2023 09:03 Asia/Dushanbe
  • Сардор Ҳоҷизода: Эрон дар ҳавзаи паҳподӣ соҳиби сабк аст

Фармондеҳи нерӯи ҳаво фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо баёни инки имрӯз Эрон аз қудрати минтақаӣ убӯр кардааст, таъкид кард, Эрон дар ҳавзаи паҳподӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби сабк шудааст.

Пешрафтҳои паҳподии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чанд даҳаи гузашта ҳамвора чашмгир буда ва паҳподҳои сохти Эрон бо таваҷҷуҳ ба бурузи даргириҳои минтақаӣ ба хубӣ арзиши болои худро дар заминаҳои назорату шиносоӣ, ҳадафёбӣ ва иҷрои амалиёти таҳоҷумӣ дар маёдини набарди минтақа нишон додаанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон акнӯн ҷузви чанд кишвари маъдӯди ҷаҳон аст, ки раванде рӯ ба пешрафт дар заминаи тарроҳӣ, тавсеа ва сохти анвоъи мухталифи паҳподҳо дорад.

Ба гузориши ИРНА, сардор сартип Амиралӣ Ҳоҷизода тасреҳ кард, Эрон дар ҳавзаи паҳпод дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор гирифта ва соҳиби сабк дар ҳавзаи текнику тактик шудааст.

Сардори Ҳоҷизода бо баёни инки Эрон имрӯз аз паҳподҳо фақат барои маъмурияти шиносоӣ, муроқибат, размӣ ва падофандӣ истифода намекунад, афзуд, дар ҳавзаи ғайринизомӣ ҳам аз паҳпод истифода мешавад.

Вай ҳамчунин бо гиромидошти Ҳафтаи дифои муқаддас изҳор кард, ҳудӯди 30 кишвар дар муқобили Эрон истоданд то ин низомро нобуду Эронро таҷзия кунанд, вале бо истодагии миллат на танҳо бар мошини ҷангии душманон ғалаба шуд, балкӣ як метри мураббаъ аз сарзамини Эрон низ аз даст нарафт.

Артиши мутаҷовизи режими Саддом, диктатори маъдуми Ироқ 31 шаҳривармоҳи соли 1359 мусодиф бо 22 сентябри 1980 , таҳоҷуми густардаеро бо бакоргирии анвоъи ҷангафзорҳо алайҳи Эрон оғоз кард.

31 шаҳривармоҳ дар тақвими муносибатҳои Эрон оғози Ҳафтаи дифо муқаддас аст. Дар ин як ҳафта, маросими мухталифе дар саросари Эрони исломӣ баргузор мешавад.