Сентябр 27, 2023 17:21 Asia/Dushanbe
  • ҳунармандони ойиниву суннатии Чин ва Тоҷикистон меҳмони Эрон
    ҳунармандони ойиниву суннатии Чин ва Тоҷикистон меҳмони Эрон

Гургон мизбони ҳунармандони ойиниву суннатии Чин ва Тоҷикистон аст.

Муовини ҳунарӣ ва синамоии Идораи кулли фарҳангу иршоди исломии Гулистон гуфт, бистуякумин ҷашнвораи намоишҳои ойиниву суннатӣ бо ҳузури ҳунармандони дохилӣ ва чанд ҳунарманд аз Чину Тоҷикистон дар Гургон баргузор хоҳад шуд.

Ризо Ёзарлу изҳор дошт, 22 кишвари аврупоӣ, осиёӣ ва африқоӣ тақозои ҳузур дар бистуякумин ҷашнвораи байналмилалии намоишҳои ойинӣ ва суннатӣ доштанд, ки осори ҳунармандони кишварҳои Чину Тоҷикистон барои иҷрои осоре, ки намоишгари гӯшае аз иштирокоти ойинӣ ва суннатӣ аст, дар Гургон иҷро хоҳад шуд.

Вай афзуд, Чину Тоҷикистон ҳамонанди Эрон ба ҳувияти фарҳангӣ тавваҷуҳи вижае доранд ва муътақиданд, ойинҳо, суннатҳо ва русум барои ҳар кишваре ғанои фарҳангро ба армуғон хоҳад овард.

Ёзарлу афзуд, дар намоишҳои ойиниву суннатӣ забони мусиқӣ, овоҳо, рангҳову ҳаракат ваҷҳи иштирокоти байналмилалӣ аст.

 

Барчасп