Сентябр 28, 2023 11:01 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ҳафтаи ваҳдат ва табрики солрӯзи валодати паёмбари гиромии Ислом (с)
    Оғоз ҳафтаи ваҳдат ва табрики солрӯзи валодати паёмбари гиромии Ислом (с)

Имрӯз (панҷшанбе)давоздаҳуми рабеъ-ул -аввали 1445 ҳиҷрии қамарӣ,мусодиф бо 28 сентяри 2023 ба ривояте солрӯзи валодати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), паёмбари гиромии Ислом ва оғози ҳафтаи ваҳдат аст.

Аҳли суннат, давозҳдаҳуми моҳи рабеъ-ул-аввал ва шиаёни 17 ин моҳро солрӯзи валодати паёмбари гиромии Ислом (с) медонанд.

Ҳазрати Имом Хумайни (р) бунёнгузори кабири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, ки худ аз манодиёни ваҳдат дар ҷаҳони Ислом буданд, аз ин масъала барои иттиҳод ва наздик шудани гурӯҳҳои исломӣ истифода карданд ва фосилаи байни ин ду дар таърихи ( 12 то 17 рабеъ-ул-аввал)-ро "ҳафтаи ваҳдат" номгузори карданд. Ин ҳафта, фурсати муносибе аст то зарурати ҳамбастагӣ ва як дилии ҷаҳони Ислом ба вижа дар ин замон пур аз фитна ва ошӯб, бо диққати бештаре мавриди барраси қарор гирад.

Агарчӣ мусалмонон аз мазоҳиби мухталиф дар бархе оро ва аҳком ихтилофи назар доранд, аммо дороӣ иштирокҳои муттаъдиде чун бовар ба Худои воҳид, китоби осмонӣ, паёмбар ва қабила яксон ҳастанд.

Ҳамчунин мусалмонон бар анҷоми ибодоти муҳиме чун намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва ғайра иттифоқи назар доранд. Созмони Садо ва Симои Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар оғози ҳафтаи мубораки ваҳдат, ки ба валодати паёмбари гиромии Ислом (с) аст, ин муносибати фархундаро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.