Сентябр 28, 2023 11:42 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти «ройгон» шудани «озмоиши жинетики» модарони эронии дороӣ ҳасарони ғайри эронӣ
    Ҷузъиёти «ройгон» шудани «озмоиши жинетики» модарони эронии дороӣ ҳасарони ғайри эронӣ

Вазири таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоъӣ гуфт, иҷрои озмоиши жинетикии модару фарзанди хонаводаҳои дорои модари эронӣ ва падари ғайри эронӣ барои даҳакҳои даромади пойин оғоз шуд.

Ба гузорши Исно, Сайидсувлати Муртазавӣ афзӯд, қатъан ин тарҳ иқдоми муассир дар ҳимоят аз занони эронӣ ба вижа занони дорои ҳамсарони шаҳрвандони хориҷие аст, ки тамкини молии лозим барои анҷоми тестҳои марбутаро надоранд ва ин муҳим, гоми муссир дар хурӯҷи фарзандони ин хонаводаҳо аз чархаи фақр бо дастрасӣ ба хадамоти омӯзишӣ, беҳдоштӣ ва ҳимоятӣ хоҳад буд.

Қарор аст то поёни соли ҷории хуршедӣ,  теъдоди 31 ҳазор модари  дорои ҳамсари ғайри эронӣ ва фарзандонашон озмоиши жинетикии ройгон анҷом диҳанд.

То кунун 2682 нафар аз ин афрод дар устонҳои мухталифи кишвари Эрон таҳти ҳимояти ин тарҳ қарор гирфтааст.

Бештар бихонед: