Як эронӣ ва чаҳор хориҷӣ барандаи ҷоизаи Мустафо ( а )
Як эронӣ ва чаҳор хориҷӣ барандаи панҷумин давраи ҷоизаи « Мустафо » шуданд.
Панҷумин давраи ҷоизаи Мустафо ( с ), рӯзи ҷумъа ҳамзамон бо ҳафтаи Ваҳдат дар шаҳри Исфаҳон ( маркази Эрон ) ва бо ҳузури Сайидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, баргузидагони панҷумин давраи ҷоизаи илмии Мустафо ( с ) дар ҷашнвораи имсол муаррифӣ шуданд, ки аз байни панҷ баргузида як донишманд аз Эрон буд.
Умеди Фаррухинажод-устоди эронии Донишгоҳи Гарвард бо таҳқиқ бар рӯйи « Тарроҳӣ, тавсеа ва арзёбии болинии доруҳои навин бар пояи нанозарраҳои полимирӣ » тавонист ҷоизаи Мустафо ( с )-ро дар ҳавзаи илму фанноварии зистӣ ва пизишкӣ дарёфт кунад .
Аҳмад Ҳасан, донишманди мисрии донишгоҳи Квинси Канада бо мавзӯи таҳқиқи « Ковиши махозини нармафзорӣ ( MSR ) » баргузидаи ҳавзаи фанноварии иттилооту иртиботот дар ин давра аз мусобиқаи ҷоизаи Мустафо ( с ) буд.
Дар ҳавзаи илму фанноварии зистӣ ва пизишкӣ Самия Хури, низ ки устоди Донишгоҳи Бейрут аст, бо таҳқиқ бар рӯйи « Рӯйкардҳои навин дар бемории MS » барандаи дигари ин ҷоиза аст.
Ҳамчунин Аҳмад Фавзӣ Исмоил-устоди Донишгоҳи илму фанноварии Малайзия бо кор бар рӯйи « Тавсеаи корбурдҳои фанноварии ғишо(технологияи мембрана » барандаи ҷоизаи Мустафо ( с ) дар ҳавзаи улуми поя ва муҳандисӣ шуд.
Мурот Ойсол аз донишгоҳи Нию-Йорк дар Абузабӣ низ бо кор бар рӯйи « Иртибототи бесими нурӣ » барандаи ҷоиза дар ҳавзаи фанноварии иттилоот шуд .
Ҷоизаи Мустафо ( с ) ҳар ду сол як бор ба донишмандону пажӯҳишгарони бартари ҷаҳони Ислом дода мешавад ва бо шиносоӣ, муаррифӣ ва тақдири шоиста аз бартаринҳои илму фанноварӣ дар ҷаҳони Ислом, илмомӯзӣ ва пажӯҳишро дар ҷомеъаҳои исломӣ тарвиҷ ва ташвиқ мекунад.
Бештар бихонед :