Сентябр 30, 2023 11:13 Asia/Dushanbe

Шоҳини Мӯсавӣ-боксёр(муштзан)и вазни 80 килограми Эрон дар бозиҳои осиёӣ муқобили ҳарифи тоҷикистонӣ шикаст хӯрд ва аз гардунаи мусобиқот канор рафт.

Дар идомаи рақобатҳои бокси бозиҳои осиёӣ 2022 Ҳонгжу(Гангжо)  рӯзи ҷумъа 7 меҳрмоҳ, Шоҳини Мӯсавӣ баробари ҳарифи тоҷикистонӣ ба рӯйи ринг рафт ва бо вогузории натиҷа муқобили ин боксёр аз суъуд ба даври дувуми мусобиқот бозмонд.
Боксёри вазни 80 килограми Эрон дар нахустин муборизаи худ аз ин рақобатҳо, дар марҳалаи як ҳаштуми ниҳоӣ муқобили Неъматуллоев аз Тоҷикистон қарор гирифт, ки дар поён бо раъйи доварон бозанда эълом шуд ва ба ҷамъи 8 нафар бартар нарасид.
Шоҳини Мӯсавӣ пеш аз ин дидор дар даври аввали рақобатҳо бо қуръаи истироҳат рӯ ба рӯ буд ва ин мубориза нахустин ҳузури ӯ рӯйи ринги мусобиқоти Ҳонгжу буд.

 

Барчасп