Сентябр 30, 2023 13:31 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди узви Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон бар лузӯми ваҳдату ҳамкории мусулмонон

Узви Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон бар лузӯми ваҳдату ҳамкории мусулмонон барои муқобила бо истикбори ҷаҳонӣ таъкид кард.

Оятуллоҳ Абдуллоҳӣ-узви Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон дар чаҳорумин вебинари сию ҳафтумин конфаронси байналмилалии ваҳдати исломӣ бо таваҷҷуҳ ба иқдомоти режими саҳюнистӣ ва истикбори ҷаҳонӣ алайҳи уммати исломӣ дар фазои маҷозӣ таъкид кард : Бар уламо ва андешмандон воҷиб аст, то дар роҳи солимсозии шабакаҳои иҷтимоӣ иқдом кунанд.
Дар ин вебинар таъкид шуд, ки бояд аз мушорикати насли ҷадид дар саҳнаҳои иҷтимоӣ баҳрабардорӣ шавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Имод Ҳамронӣ-устоди донишгоҳи Фаронса низ дар чаҳорумин вебинари сию ҳафтумин Конфаронси ваҳдати исломӣ гуфт : Бо тавваҷуҳ ба мақулаи ҷаҳонӣ шудан ва таҳаввулоти торихӣ ҳамкории байнмилал ва байни давлатҳои мусулмон бисёр зарурӣ аст.
Ин устоди донишгоҳи Фаронса афзуд : Яке аз масоили муҳими ҷаҳони Ислом масъалаи озодсозии сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст.
Дар бахши дигаре аз ин вебинар профессор Алӣ Оқпинор-устоди илоҳиёти Туркия низ гуфт : Сухан гуфтан дар бораи ваҳдати исломӣ беш аз пеш дорои аҳамият аст ва мусулмонон зери сояи дини Ислом аз як ҳуввияти мутаъолӣ бархурдор ҳастанд.
 

 

Барчасп