Баргузории маросимҳои мухталиф ба муносибати рӯзи бузургдошти Шамси Табрезӣ
Ҳафтуми меҳрро ба унвони рӯзи бузургдошти орифи номии эронӣ « Шамси Табрезӣ » номгузорӣ кардаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,эдеяи номгузории ин рӯз ба номи Шамси Табрезӣ ба кӯшиши Алии Маҳбубӣ ва ба дархости намояндаи мардуми шаҳристони Хуй дар соли 1394 таҳаққуқ пазируфт .
Ба ҳамин муносибат ҳарсола дар марказҳои илмӣ ва фарҳангии саросари Эрон ба вижаи шаҳристони Хуй, ки охирин иқоматгоҳи Шамс будааст,ойини бузургдошти Шамс баргузор шуд.
Муҳаммад бин Алӣ бин Маликдоди Табрезӣ мулаққаб ба Шамсиддин ё Шамси Табрезӣ, ки номаш барои мо бо номи Мавлавӣ, яке аз пуровозатарин шоирон ва орифони Эрон гиреҳ хурдааст, зоҳиран аз суфиёну урафои садаи ҳафтуми ҳиҷрӣ аст, ки муриди бисёр дошта ва бо тариқати хеш зиндагии Мавлоноро низ дастхуши як инқилоби руҳии азим кард.
Дар охирҳои умр Мавлоноро мулоқот кард ва бо ӯ рафоқате пайдо кард, ки дар тамоми умр ба дунболаш буд. Шамс нигоҳи Мавлоно ба сулуку ирфонро дигаргун кард ва роҳи азимати илоҳиро ба ӯ нишон дод. Наздикӣ бо ӯ далели душмании пайравони Мавлоно бо Шамс шуд . Мавлоно яке аз осори муҳими худро " Девони Шамси Табрезӣ " ба номи роҳнамои рӯҳонии худ номгузорӣ кард .
Ба гуфтаи Мавлоно,Шамс дониши амиқе аз кимиёгарӣ, нуҷум, илоҳиёт, фалсафа ва мантиқ дошт . Писари Мавлоно Султон Валад дар навиштаҳои худ ба мо мегуяд, ки Шамс марди донишманду хирадманд ва суханвар буд.
Шамс ба Мавлавӣ тавсия кард, ки тасаввуфро наметавон аз тариқи китоб омухт,балки метавон бо " рафтану анҷом додан " онро омухт.
Эътиқод бар ин аст, ки Шамси Табрезӣ дар 1248 даргузашт. Султон Валад,писари Мавлоно дар " Маснавии Валаднамо "и худ менависад,ки Табрезӣ як шаб аз Қуния нопадид шуд ва ҳаргиз ӯро надид.