Сентябр 30, 2023 17:44 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии сареътарин марди Эрон ба финали дави 100 метрии Бозиҳои осиёии Ҳангжоу

Давандаи суръатии Эрон ба финали мусобиқоти дави 100 метрии Бозиҳои осиёи Ҳангжоуи Чин роҳ ёфт.

Ҳасани Тафтиён, давандаи суръатии Эрон ба финали мусобиқоти дави 100 метрии Бозиҳои осиёии Ҳонгжоу сууд кард.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, Ҳасани Тафтиён, ки ба марҳалаи ниманиҳои мусобиқоти дави 100 метри нӯздаҳумин давраи бозиҳо роҳ ёфта буд, имрӯз (шанбе) дар ин марҳала ба рақобат пардохт.

Давандаи суръатии Эрон дар ин марҳала бо рекорди 10/13 сония аз хати поён убӯр кард ва ба унвони нафари аввали дастаи худ ба финал сууд кард.

Тафтиён имрӯз дар финали дави 100 метр рақобат хоҳад кард.

 

Барчасп