Хонаи китоб ва адабиёт мизбони маҳфили адабии Мавлоно
Шоирони кишварҳои мухталиф рӯзи шанбе ба муносибати бузургдошти рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ дар сарои китоби Теҳрони машқи шоири карданд.
Ба гузориши хабаргузорӣ Эрон Пресс, маҳфили адабии Мавлоно ҳамзамон бо ҳаштумин рӯзи меҳрмоҳ ва ба муносибати бузургдошти рӯзи Мавлонои Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ дар хонаи китоб ва адабиёти Эрон сарои китоб баргузор шуд .
Маҳфили адабии Мавлоно ба ҳиммати муовинати умӯри фарҳангии вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ ва дафтари шеъру мусиқӣ ва сурӯди Садо ва Симои барпои гашт .
Ойини бузургдошти рӯзи Мавлонои Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ низ фардои шаб якшанбе бо ҳузури шоирони кишварҳои Аргентина, Испания, Афғонистон, Эрон, Босния ва Ҳирзигувин, Покистон, Тоҷикистон, Сербия, Ироқ, Козово, Люксембург, Полша, Ҳоланд ва Ҳинд дар созмони Садо ва Симо баргузор мешавад .
Ҳаштуми меҳрмоҳ дар тақвими расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвон рӯзи бузургдошти Мавлоно сабт шудааст.