Давлати Шветсия бояд ба усули бунёдини ҳуқуқи башар пойбанд бошад
(last modified Sun, 01 Oct 2023 07:12:26 GMT )
Октябр 01, 2023 12:12 Asia/Dushanbe
  • Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иҳонати муҷаддад ба қуръони Карим давлати Шветсия бояд ба усули бунёдини ҳуқуқи башар пойбанд бошад
    Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иҳонати муҷаддад ба қуръони Карим давлати Шветсия бояд ба усули бунёдини ҳуқуқи башар пойбанд бошад

Сухангуи Вазорати умурхориҷаи Эрон гуфт: Аз давлати Шветсия интизор меравад зимни пойбандии ҷадди ба усуи бунёдини ҳуқуқи башар ва талош барои тарвиҷи ахлоқу ҳамзистии мусолиматомези адён аз тариқи анҷоми иқдомоти амали ва муассир ба бадеҳитарин мутолибаи мусалмонон масъулона посух диҳад.

Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонии Чофи сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иҳонати муҷаддад ба соҳати муқаддаси Қуръони Карим дар Шветсияи афзуд: Мутаъасифона ҳамчунон ҷасорат ба муқаддасоти исломӣ дар иқдомии муғойир бо мабонии асили ҳуқуқи башар такрор мешавад .

Канъонии Чофи гуфт: Иқдомот нафрат пароканона, беҳурмати ва  таъарруз ба ҳуқуқ ва арзишҳои беш аз ду миллиард мусулмон дар муқобили ҳузури мунфаили полиси Шветсия ки ҳифзи амният ва мамониат аз таъарруз ба ҳуқуқи дигарон муҳимтарин масъӯлияти он ба шумор меравад сӯрат гирифта аст ки албата аз зеҳни мардуми озодандиш ва ҳақиқатҷӯии ҷаҳони ҳаргиз пок нахоҳад шуд.

Сухангуи Вазорати умурхориҷаи Эрон тасреҳ кард: Аз манзари Ҷумҳурии Исломии Эрони иддаоҳои бидуни амали мақомоти Шветсия дар маҳкумият ва мухолифат бо таъарруз ба Қуръони Карим кофи нест.