Дувумин бурди тими миллии вотерпулуи Эрон дар бозиҳои Осиёӣ
(last modified Tue, 03 Oct 2023 12:42:03 GMT )
Октябр 03, 2023 17:42 Asia/Dushanbe
  • Дувумин бурди тими миллии вотерпулуи Эрон дар бозиҳои Осиёӣ
    Дувумин бурди тими миллии вотерпулуи Эрон дар бозиҳои Осиёӣ

Тими миллии вотерпулуи мардони Эрони дувумин дидораш дар бозиҳои Осиёӣ Ханкҷоуро бо пирузи пушт сар гузошт.

Тими миллии вотерпулуи Эрон дар дувумин дидораш дар даври гуруҳеи бозиҳои Осиёӣ Ханкжоу  имруз се шанбе ба масоф Тайланд рафт .

Ин тим ки рӯзи гузашта дар нахустин дидори худ муқобили Кореяи Ҷанубӣ ба пирузи расида буд дар масоф бо Тайланд ҳам пируз шуд.

Шогирдони Меҳдии Паномтош дар маҷмуи чаҳор квортер ҳарифашонро шикаст доданд ва дувумин пирузии худро дар ин давра аз бозиҳо касб карданд.

Эрон дар бозии севуми худ дар ин рақобатҳо фардо чаҳоршанбе ба масофи тими миллии Чин меравад.

Эрон дар гуруҳи A мусобиқот бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Чини ҳам гуруҳаст.

Тими миллии вотерпулуи Эрон дар бозиҳои Осиёӣ 2018 ҷокорто муваффақ шуд пас аз 44 соли медели бронзаро касб карда ва таърих созӣ кунад.