Октябр 04, 2023 17:41 Asia/Dushanbe
  • Амини Ковиёнинажод, миллипӯши вазни 77 килограми куштии фарангии Эрон
    Амини Ковиёнинажод, миллипӯши вазни 77 килограми куштии фарангии Эрон

Миллипӯши вазни 77 килограмии куштии фарангии Эрон ба медали нуқраи бозиҳои осиёии Ҳангжоу расид.

Амини Ковиёнинажод, миллипӯши вазни 77 килограми куштии фарангии Эрон, ки бо шикасти Рию Лиу аз Чин ба финали мусобиқоти куштии фарангии нуздаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ расида буд, дар дидори ниҳоии ин вазн баробари Акжол Маҳмудов, қаҳрамони ҷаҳон ва нойибқаҳрамони олимпӣ аз Қирғизистон қарор гирифт.

Акжол дар ин дидори ҳассос бо як куштии ҳисобшуда тавонист бо натиҷаи як бар як бар Ковиёнинажод ғалаба кунад ва ба медали тиллои нуздаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ бирасад, миллипӯши куштии фарангии Эрон ҳам ба медали нуқра даст ёфт.

Пеш аз Амини Ковиёнинажод, Дониёли Суҳробӣ аз Эрон ҳам муваффақ ба касби нишони бронзи мусобиқоти куштии фарангии нуздаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ шуд.

 

Барчасп