Таъкиди Раисӣ бар аҳамияти ҳифзи марзҳо ва гиополетикии минтақа
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар аҳамияти ҳифзи марзҳо ва гиополетикии минтақа гуфт, боз шудани пои кишварҳои бегона ба минтақа ба ҳар баҳонае ба манофеи ҳеҷ кадом аз кишварҳои минтақа нест.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз поигоаҳи иттилорасонии раёсати ҷумҳурӣ Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор Халаф Холов дастёри раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон дар умури вижа дар Теҳрон равобити ду кишварро муттакӣ ба иштирокоти фарҳангӣ ва боварҳои дини торихи ва амиқ тавсиф ва тасреҳ кард Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷони зарфиятҳои мутанаве ва мутаъаддиди доранд ки мубодилаи онҳо манофеи ду кишвар ва ду миллатро таъмин мекунад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иртиқои сатҳи равобити миёни Теҳрон ва Боку муқобила бо тарҳҳоиро ки ба манзури эҷоди ихтилоф ва ихтилол дар равобити ду кишвар тарроҳӣ мешаванд зарурӣ донист ва бо баёни инки ҳифз ва иртиқои субот дар минтақа дар гарави ҳамкорӣ ва ҳамафзои кишварҳои минтақа аст афзуд Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони ҳамсояи қудратманди Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон омодагӣ комил дорад то ба рафъи ихтилофот ва мушкилоти ин ду кишвар кумак кунад.
Раисӣ бо таъкид бар аҳамияти ҳифзи марзҳо ва гиополетикии минтақа изҳор кард Эрон аз гуфтугуҳои минтақаи дар қолаби 3+3 ё дар ҳар шаклу қолаби дайгарӣ ки битавонад ба рафъи мушкилот ва боз кардани гиреҳҳо дар равобити Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон кумак кунад истиқбол мекунад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард кишварҳои минтақаи зарфияти ҳали масоили минтақаро доранд ва боз шудани пои кишварҳои бегона ба минтақа ба ҳар баҳонае ба салоҳ ва манофеи ҳеҷ кадом аз кишварҳои минтақа нест.
Халафи Халафов дастёри раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон дар умури вижа низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нақши муассири Раисӣ дар ҳифзи равобити фимобини пас аз воқеаи рухдода барои сафорати ин кишвар дар Теҳрон гуфт Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Эрони зарфиятҳои бузургӣ барои тақвияту таъмиқи равобити дуҷонибау минтақаӣ доранд.