Баргузарии ҳафтумин нишасти коршиносони гардишгарии кишварҳои узви ЭКО дар Ардабил
Ҳафтумин нишасти коршиносони аршади гардишгарии кишварҳои узви ЭКО чаҳоршанбе дар нигорхонаи Хатоӣ Ардабил баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон коршиносони ҳавзаи гардишгарии кишварҳои узви ЭКО ба баррасии роҳҳои равнақи гардишгарии пас аз корона пардохтанд.
Коршиносони гардишгарии кишварҳои узви ЭКО бар лузуми муаррифии зарфиятҳои туристи аз ҷумлаи туризми дармонӣ, обҳои маъдании гарм ва дигар зарфиятҳои гардишгари ва сармоягузори ҳамчунин эҷоди зерсохтҳои гардишгари таъкид карданд.
Эҷоди шароити лозим ва тасҳили сафари туристҳо аз ҷумлаи тасҳили дарёфти раводид ва дар сурати имкони лағви он баргузарии парвозҳои мустақими байни Ардабил ва дигар шаҳрҳои кишварҳои узв аз дигари мавориди буд ки коршиносон барои равнақи гардишгарии пасокруно таъкид карданд.
Дар ин нишаст ки ҳайати каршиносӣ аз кишварҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон ширкат карда буд бо тавваҷуҳ ба дархости он кишвар шаҳри Шушо ба унвони пойтахти гардишгарии кишварҳои узви ЭКО барои соли 2026 интихоб шуд.
Панҷумин нишасти вазирони гардишгарии кишварҳои узви ЭКО фардо дар Ардабил баргузор мешавад ва дар мавриди роҳкорҳои нишасти каршиноси баҳсу табодул назар хоҳад шуд.