Октябр 05, 2023 12:24 Asia/Dushanbe
  • Поёни муваффақиятомези размоиши муштараки паҳподии 1402 артиши Эрон
    Поёни муваффақиятомези размоиши муштараки паҳподии 1402 артиши Эрон

Размоиши муштараки паҳподии 1402 артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дастёби ба аҳдофи аз пеши таъйин шуда поён ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон генерал Алиризои Шайхи сухангуи размоиши муштараки паҳподии 1402 артиш Эрон гуфт ин размоиш ки мароҳили амалиётии он аз бомдоди имруз ва бо мушорикати неруҳои чаҳоргонаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон қароргоҳи муштараки падофанди ҳавои Хотамуланбё(с) ва назорати қароргоҳи марказии Хотамуланбё(с) оғоз шуда буд асри рузи чаҳоршанбе хотима ёфт.

Генерал Шайхи афзуд ба коргирии анвоъи паҳподҳои шиносоӣ, размӣ, инҳидоми ва ихлолгар аз неруҳои чаҳоргона ва иҷрои анвоъи амалиётҳои паҳподӣ аз ҷумлаи вижагиҳои боризи ин размоиш буд ки бо диққати зиёд аз суи неруҳои ширкаткунанда иҷро шуд.

Сухангуи размоиши муштараки паҳподии 1402 артиши Эрон бо ишора ба инки ин барои нахустин бор буд ки як размоиши паҳподи он ҳам ба сурати ду турафа дар ин сатҳ баргузор мешуд тасреҳ кард ширкати ҳудуди 200 фарванд анвоъи паҳпод дар ин размоиш ва ҳамчунин густардагии минтақаи амалиёт, ки тамоми манотиқи кишвар Халиҷи Форс, Тангаи Ҳурмуз ва дарёии Уммонро шомил мешуд сабабаи печидагии баргузарии ин размоиш буд ки бо амалкарди бисёр матлуби сомонаҳои фармондиҳи ва кантрол ва ягонҳои амалкунандаофанди ва падофандии ин размоиш бо ниҳояти ҳамоҳангии мумкин анҷом шуд.

Генерал Шайх бо ишора ба баҳрагири аз паҳподҳо ва таҷҳизоти саддарсади буми дар ин размоиш изҳор кард ончӣ ки дар ин размоиши мавриди истифода қарор гирифт шомили парандаҳо, муҳимот ва силоҳ, сомонаҳои фармондиҳи ва кантрол ва сомонаҳои ҷанголии падофандии тамоман буми буд.

Барчасп