Соравӣ, аввалин тиллоии куштии Эрон дар бозиҳои осиёӣ
Фарангикори вазни 97 килограми Эрон бо шикасти ҳарифи худ аз Чин ба медали тиллои бозиҳои Осиё расид.
Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНА), дар идомаи рақобатҳои рӯзи дувум ва поёнии куштии фарангии бозиҳои Осиё 2023 дар Хангжои Чин, Муҳаммадҳодии Соравӣ-намояндаи вазни 97 килограми Эрон ва дорандаи як тилло ва ду бринҷии ҷаҳон ва як бринҷии олимпӣ дар дидори финал муқобили ҳарифе аз Чин ба рӯйи тушак рафт ва дар поён бо натиҷаи 5 бар 1 ба бартарӣ расид ва соҳиби медали тиллои бозиҳои осиёӣ шуд.
Амини Мирзозода-намояндаи вазни 130 килограми Эрон низ бо шикасти ҳарифе аз Чин ба дуюмин медали тиллои куштии фарангии корвони Эрон дар ин бозиҳо даст ёфт . Бозиҳои осиёии Хангжои Чин аз 23 сентябр оғоз ва то 8 октябри 2023 идома дорад.