Оғози панҷумин нишасти вазирони гардишгарии кишварҳои узви ЭКО дар Ардабил
Панҷумин нишасти вазирони гардишгарии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) бо ҳузури Иззатуллоҳи Зарғомӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъ ва дабири кулли ЭКО оғоз шуд.
Дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар нишасти ЭКО гуфт, тавсеаи равобити гардишгарӣ бар асоси зарфиятҳои мавҷуд дар авлавияти ЭКО аст ва нишасти Ардабил барои ин мавзуъ талош мекунад.
Иззатуллоҳи Зарғомӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар ин нишаст гуфт, музокира барои ҳазфи раводид байни Эрон ва кишварҳои узви ЭКО оғоз шудааст ва бо тавваҷуҳ ба зарфияти болои гардишгарии кишварҳои узви ЭКО нигоҳи вижа ба гардишгарӣ дар ин кишварҳо вуҷуд дорад.
Дар ин нишаст интихоби шаҳри Шушаи ҷумҳурии Озарбойҷон ба унвони пойтахти гардишгарии ЭКО дар соли 2026, баррасии роҳкорҳои тавсеаи гардишгарӣ бо тавваҷуҳ ба зарфиятҳои гардишгарӣ, аз ҷумла обҳои гарму маъданӣ ва тавсеаи муровидоти байни аъзо, аз ҷумла лағви раводид байни аъзо аз муҳимтарин мавзӯоти матраҳ дар нишасти коршиносони аршади гардишгарии ЭКО буд.