Октябр 08, 2023 10:28 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Туфони алақсои ҳаракати худҷуши миллати Фаластин дар дифо аз ҳуқуқи мусаллами худ аст
    Канъонӣ: Туфони алақсои ҳаракати худҷуши миллати Фаластин дар дифо аз ҳуқуқи мусаллами худ аст

Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон амалиёти Туфони алақсоро ҳаракати худҷуши гуруҳҳои муқовимат ва миллати мазлуми Фаластин дар дифо аз ҳуқуқи мусаллам ва имкорнопазири худ донист.

Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонӣ дар вокуниш ба таҳаввулоти рузи ҷорӣ дар Фаластини ишғолӣ ва амалиёти гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ зидди ишғолгарони саҳюнист таъкид кард: Ҳаққи зотии миллати мазлуми Фаластин дар дифо аз нафас, сарзамин ва муқаддасоти хеш дар муқобили ишғол, таҷовуз, таъаддии рузмарра ва тероризми созмонёфтаи режими саҳюнистӣ бар асоси кулияи мавозини шинохта шудаи байналмилали ва усули бунёдини ҳуқуқи байналмилали ҳаққии табии ва машруъ аст.

Канъонӣ афзуд: Тадовуми ҳатки ҳурмати саҳюнистҳои ифротӣ ва нажодпараст ба муқаддасоти исломӣ ва қиблаи нахусти мусалламин дар моҳҳо ва ҳафтаҳои ахир аз як су истимрори сиёсати куштор ва ҷиноёт ва таҷовузоти режими саҳюнистии зидди мардуми мазлуми Фаластин бавижа занон, кудакон ва асирони фаластинии дарбанди зиндонҳои Исроил дар сояи сукут ва бе амалии ҷомеъаи байналмилал ва муддаиёни ҷаҳонии ҳуқуқи башар роҳии ҷузи муқовимат ва иттико ба тавон зотии худ барои миллат ва муқовимати Фаластин дар баробари саҳюнистҳо боқӣ нагузошта аст.

Барчасп