Октябр 08, 2023 11:35 Asia/Dushanbe
  • Ибрози таассуфи Эрон аз ҷонбохтни ҷамъӣ аз шаҳрвандони Афғонистон бар асари зилзила
    Ибрози таассуфи Эрон аз ҷонбохтни ҷамъӣ аз шаҳрвандони Афғонистон бар асари зилзила

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо изҳори таассуф аз ҷонбохтни ҷамъӣ аз шаҳрвандони Афғонистон дар зилзилаи Ҳирот бо давлат муваққати Толибон, миллати ҳамсоя дуст ва мусулмони ин кишвари иброз ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози таслият ба хониводаҳои доғдор ва мусибатдида ва орзуи саломатӣ ва шифои оҷил барои маҷруҳони ин ҳодиса изҳор кард: Ҷумҳурии Исломии Эрони худро ҳамдард ва дар канори миллати азиз Афғонистон мебенад.

Заминларза ба қудрати 6.3 дараҷа дар миқёси амвоҷи дарунии замин бомдоди шанбе манотиқи васиъи аз Афғонистонро ларзонд.

Маркази ин заминларза атрофи шаҳри Ҳирот шимоли ғарби Афғонистон ва умқи ин замини ларзаи 10 километри эълом шудааст.

Созмони Милал дар гузоришии теъдоди ҷонбохтгони ин зилзиларо беш аз 320 нафар эълом кард.

Шиддати ин заминларза ба ҳадди буд ки дар бахшҳои аз Эрон, Туркманистон ва Узбекистони ҳам комилан эҳсос шуд.

Барчасп