Декабр 29, 2016 16:43 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Гиромидошти ҳамосаи 9-умии Дай дар Теҳрон

Маросими Гиромидошти ҳамосаи 9-уми дай, рӯзи басират ва паймони уммати бовилоят дар мусаллои Имом Хумайнӣ (ра)-и Теҳрон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, имрӯз, панҷшанбе, 29 декабр солгарди ҳузури мардуми ҳамосасози Эрони исломӣ дар роҳпаймоии 9-уми дайи соли 1388 (30 декабр 2009) аст. Ба ин муносибат қишрҳои мухталифи мардум, хонандагони мактабҳо ва донишҷӯён дар маросими Бузургдошти ҳамосаи 9-уми дай дар мусаллои бузурги Имом Хумайнӣ (раҳ)-и Теҳрон ширкат карданд. Ширкаткунандагон дар ин маросим шиорҳои “Марг бар Амрико!”, “Марг бар Исроил!” ва “Марг бар мунофиқ!” сар доданд.

Дар пайи баргузории интихоботи даҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон  гурӯҳе аз мардум дар эътироз ба натоиҷи интихобот тазоҳурот карданд, ки ин тазоҳурот бо сӯистифодаи бархе мунофиқон ба ошӯб кашида шуд ва Теҳрон моҳҳо даргири ин ошӯбҳо буд. Саранҷом мардуми Эрон дар роҳпаймоии миллионнафарии худ дар нуҳуми дайи ҳамон сол (30 декабр 2009) бо эъломи пок будан аз сохторшиканон дар ҷомеа посухи қотее ба фитнагарон доданд, ки бо баҳонаи тақаллуб дар интихоботи даҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон масири бероҳаро дар пешгирифта буданд.

 

Барчасп