Октябр 08, 2023 13:51 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар ҷойгоҳи ҳафтуми бозиҳои Осиёӣ Ханкжоу истод
    Эрон дар ҷойгоҳи ҳафтуми бозиҳои Осиёӣ Ханкжоу истод

Корвони Эрон дар поёни нуздаҳумин давраи бозиҳои Осиёӣ Ханкжоу бо касби 54 медоли рангоранг дар рутбаи ҳафтуми ҷадвали медалҳо истод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо корвони Эрон бо 13 медали тилло, 21 медали нуқра ва 20 медали биринҷ дар маҷмуъ бо 54 медол дар рутбаи ҳафтуми нуздаҳумин давраи бозиҳои Осиёӣ Ханкжоу қарор гирифт.

Кишварҳои Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳинд, Узбекистон ва Тайбейи Чин дар радаҳои аввал то шашум истоданд.

Гуфтаниаст Эрон дар давраи гузаштаи бозиҳо дар ҷойгоҳи шашуми қарори гирифта буд корвони Эрон дар соли 2018 Ҷакарта муваффақ шуда буд 20 медоли тилло, 20 медоли нуқра ва 22 медоли биринҷи касб кунад, ки маҷмуи медолҳои корвони Эрон дар Индонезия ба адад 61 расид.

Барчасп