Октябр 09, 2023 18:42 Asia/Dushanbe
  • 7 филми эронӣ ба ҷашнвораи амрикоӣ даъват шуданд
    7 филми эронӣ ба ҷашнвораи амрикоӣ даъват шуданд

Понздаҳумини давраи ҷашнвораи байналмилалии осиёӣ амрикоӣ Филаделфия дар кишвари Амрико, мизбони намоиши 7 филми кутоҳ ва синамоӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд.

Ҷашнвораи байналмилалии осиёӣ амрикоӣ  Филаделфия дар соли 2008 таъсис ва понздаҳумини давраи ин руйдоди синемоӣ аз 2 то 12 ноябри 2023 дар шаҳри Филаделфияи Амрико баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз хбргзории ИСНА, филмҳои "Гиҷгоҳ" ба коргардонии Одили Табризӣ "Обон" ба коргардонии муштараки Аббоси Тоҳирӣ ва Меҳдияи Тусӣ "Шалол" сохтаи Амиралии Сисипур, "Ноҷай" ба коргардонии Карими Азимӣ, "Куту ман" сохтаи Додии Шайбонӣ, "Жоков" ба коргардонии Фаршеди Гуилиён ва "Беном" сохтаи Эронмеҳри Салимӣ дар ҷашнвораи байналмилалии осиёӣ амрикоӣ Филаделфия ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.

Барчасп