Амирабдуллоҳиён: Иқдомоти режими саҳюнистӣ мисдоқи ҷинояти систематики ҷангӣ алайҳи башарият аст
(last modified Wed, 11 Oct 2023 13:51:45 GMT )
Октябр 11, 2023 18:51 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Ҳилоли Аҳмари Эрон барои ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба Ғазза
    Омодагии Ҳилоли Аҳмари Эрон барои ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба Ғазза

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, густариши ҷиноёти ҷангӣ дар Ғазза ва иқдомоти режими саҳюнистӣ мисдоқи муҷозоти дастаҷамъӣ ва ҷинояти систематики ҷангӣ алайҳи башарият аст.

Пас аз амалиёти рӯзи шанбе (ҳафтуми октябр) шохаи низомии Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) зидди режими ишғолгари Исроил мавсум ба "Тӯфони Алақсо", режими саҳюнистӣ иқдом ба ҳамла ба борикаи Ғазза кард, ки ин ҳамалот ҳамчунон идома дорад.

Ҳамзамон бо идомаи ҳамалоти режими ишғолгари Қудс ба борикаи Ғазза, Вазорати беҳдошти Фаластин дар охирин омор эълом кард, ки бар асари ҳамалоти режими саҳюнистӣ дастикам 950 нафар шаҳид ва 5 ҳазор нафар захмӣ шуданд.

Амирабдуллоҳиён таъкид кард, идомаи ин вазъият шароитро печидатар хоҳад кард ва табъан масъулияти он мутаваҷҷеҳи режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин аз омодагии Ҳилоли аҳмари Эрон барои ирсоли кумакҳои инсондӯстона ба Ғазза бо ҳамоҳангии Салиби сурхи ҷаҳонӣ хабар дод.