Октябр 12, 2023 11:20 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи Вилоятӣ бо Исмоили Ҳания ва Зиёд Нахола дар бораи таҳаввулоти Ғазза
    Гуфтугуи Вилоятӣ бо Исмоили Ҳания ва Зиёд Нахола дар бораи таҳаввулоти Ғазза

Мушовири Раҳбари муаззами инқилоб дар тамосҳои телефонии ҷудогона бо Ҳания ва Нахола зимни тамҷид аз миллати муқовими Фаластин, истодагии густардаи қаҳрамонона дар Ғазза ва соҳили ғарбиро аз ифтихороти таърихи муосир Ислом донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Алиакбари Вилоятӣ  мушовири Раҳбари муаззами инқилоб дар тамоси телефонӣ бо раҳбарони муқовимати Фаластини Исмоили Ҳания ва Зиёд Нахола таъкид зимни табрики пирузиҳои ахири ҷабҳаи муқовимат ва миллат Фаластин гуфт: Стратегияи муқовимат дар муқобила бо душманон дар амалиёти туфонии алақсо ва пирузиҳои ба дасти омада дар таърихи муборизоти миллати шуҷоъи Фаластин бесобиқа аст ва мардуми Фаластин нишон доданд ки имруза яке аз сангарҳои муҳими муқовимат дар баробари саҳюнистҳо ҳастанд.

Вилоятӣ бо баёни инки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша дар канори мардуми мазлуми Фаластин хоҳад монад, ба суханони Раҳбари муаззами инқилоб дар ин хусус ишора ва таъкид кард: Ин муборизот ва пирузиҳо ва муваффақиятҳо аз даруни худи фаластиниҳо бархоста ва меҷушад ва онҳо мушаввиқ ва ҳастаи аслии муборизоти зиди тавсеаи талабӣ дар дунё ҳастанд.

Мушовири Раҳбари муаззами инқилоб бо ишора ба ҷинояте ки режими террористии саҳюнистӣ дар қатъ кардани об, барқ, газ ва ғизо бар руйи мардуми ғайри низомиёни Ғазза анҷом дод гуфт: Ин бадтарини навъи ҷиноят ҷанги аст.

Дар идома раҳбарони ҳамос ва ҷумбиши ҷиҳоди исломии ҳам зимни қадрдонӣ аз мавозиъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз мардуми Фаластинм ва меҳвари муқовимат аз ҳимоятҳои маънавии бедареғ ва муассири Раҳбари муаззами инқилоб қадрдонӣ карданд ва нақши Эшонро дар байни раҳбарони кишварҳои исломӣ арзишманд донистанд.

Барчасп