Устоди пешкисвати забони форсӣ даргузашт
Муҳаммадризо Рошиди Муҳассил, пажӯҳишгару устоди забони форсӣ дар 87 солагӣ аз дунё рафт .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Қудс онлайн, Муҳаммадризо Рошиди Муҳассил, субҳи чаҳоршанбе 19 меҳрмоҳ бар асари мушкилоти ҷисмии вобаста ба куҳансолӣ аз дунё рафт.
Муҳаммадризо Рошиди Муҳассил, китобҳое ҳамчун ”Озарахши дерпои Суҳравардӣ”, “Партавҳое аз Қуръону Ҳадис дар адаби форсӣ”, “Достони Гуштосп дар ду нигоҳ (пайкараи шиносӣ ва дарёфтҳои иҷтимоӣ )”,”Шоҳномапажӯҳӣ”, “Хайёмшинохт”, “Атторшинохт”, “ Аз шавкате то давлате”, “ Чун ман дар ин диёр”, “Шоҳнома-ҷилвагоҳи рӯҳи миллӣ”, “ Номшинохти тавсифии манзӯмаҳои динии форсӣ”, “Фарҳанги хирад дар Шоҳнома”, “ Гузидаи Ҳадиқаи Саноӣ бо шарҳу тавзеҳ”, “Нишонашиносии адабӣ дар корбурди Қуръону Ҳадис”, Таърихи фарҳангу омӯзиши навин дар Бирҷанд” ва даҳҳо мақолаи илмӣ дар ҳавзаҳои ҳамосапажӯҳӣ, ирфону ҳикмати исломӣ ва ғайра мунташир карда буд.
Маросими ташйиъу хоксупории пайкари Муҳаммадризо Рошиди Муҳассил эълом хоҳад шуд.