Октябр 14, 2023 10:09 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии Мақсудлу дар мусобиқоти шатранҷи озоди Қатар

Марди шумораи як шатранҷи Эрон дар мусобиқоти озоди Қатар ба масофи шатранҷбози олмонӣ рафт ва ба пирӯзӣ расид.

Тими миллии шатранҷи Эрон, ки Парҳоми Мақсудлу низ узви он буд дар бозиҳои осиёии Хангжоуи Чин ба медали тилло даст ёфтанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Парҳоми Мақсудлу-марди шумораи як шатранҷи Эрон дар даври сеюми мусобиқоти озоди Қатар ба масофи шатранҷбози олмонӣ рафт ва ба пирӯзӣ расид.
Дар ҷараёни рақобатҳои шатранҷи озоди Қатар Парҳоми Мақсудлу  бо рейтинги 2707 дар ин мусобиқот ҳузур дорад муқобили ҳарифаш ба пирӯзӣ расид, то дуюмин имтиёзи худро дар ин мусобиқот касб кунад.
Магнус Карлсон-марди шумораи як шатранҷи ҷаҳон, Накамора ва Аняшгири аз ҷумлаи шатранҷбозони номдори ин рақобатҳо ба шумор меоянд.
Магнус Карлсон дар бозии сеюм тавонист ҳарифи ҳиндии худро шикаст диҳад, то ин шатранҷбоз ҳам ба дуюмин бурди худ дар ин мусобиқот бирасад.
Шатранҷбозон дар мусобиқоти озоди Қатар дар 9 давр бояд ба масофи ҳарифони худ бираванд.

 

Барчасп