Октябр 16, 2023 19:42 Asia/Dushanbe
  • Вазири кишвар: Режими саҳюнистӣ масири уфӯл ва фурӯпоширо тай мекунад

Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, мавзеи Амрико ва сукути ғарбиҳо дар қиболи ҷиноёти зиддибашарии режими саҳюнистиро ибратомез хонд ва таъкид кард, имрӯз муқовимат қавӣ ва устувор дар майдон аст ва режими саҳюнистӣ масири уфӯлу фурӯпоширо тай мекунад.

Аҳмад Ваҳидӣ, вазири кишвари имрӯз (душанбе), дар гуфтугӯ бо ИРНА дар бораи амалиёти Тӯфони Ал Ақсо гуфт, амалиёти Алақсо бо қудрати бартар тарроҳӣ шуд ва амалиёти ғофилгирона буд.

Вазири кишвар бо ишора ба шикасти муфтазиҳонаи режими саҳюнистӣ ва пойдории мардуми Фаластин, афзуд, мардуми Фаластин бо вуҷӯди ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ бо пойдорӣ дар майдони набард боқи монданд ва ҳамчунон муқовимат мекунанд.

Ваҳидӣ бо ишора ба «дадманишии режими саҳюнистӣ», гуфт, режими саҳюнистӣ бо наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият чеҳраи кариҳаашро ба ҷаҳонён нишон дод.

Вазири кишвар ба «мавзеи Амрико ва сукути ғарбиҳо», ишора ва хотирнишон кард, Амрико аз ҷиноёти зиддибашарӣ ва наслкушии режими саҳюнистӣ, дифо карда ва ин ҷиноётро таъйид мекунанд ва ба режими саҳюнистӣ барои идомаи ин ҷиноёти чароғи сабз нишон медиҳанд, ин рафторҳо бисёр ибратомез аст.

Ваҳидӣ гуфт, сукути ғарбиҳо ва бастани чашмҳояшон дар муқобили ҷиноёти режими саҳюнистӣ пайомадҳои муҳимме дорад ва метавонад муъодилоти минтақаро вориди масири ҷадиде кунад.

 

Барчасп