Абдуллоҳиён : Режими саҳюнистӣ бояд фавран иқдомоти террористии зидди Фаластинро мутаваққиф кунад
(last modified Tue, 17 Oct 2023 05:14:59 GMT )
Октябр 17, 2023 10:14 Asia/Dushanbe
  • Абдуллоҳиён : Режими саҳюнистӣ бояд фавран иқдомоти террористии зидди Фаластинро мутаваққиф кунад

Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо вазири умури хориҷаи Ирландия гуфт, ки режими саҳюнистӣ бояд фавран иқдомоти террористӣ ва наслкушии зидди Фаластинро мутаваққиф кунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён шомгоҳи душанбе дар тамоси телефонӣ бо Майкл Мартин-вазири умӯри хориҷаи Ирландия дар бораи охирин таҳаввулоти Фаластин ва ташдиди ҳамалоти режими саҳюнистӣ зидди ғайринизомиён дар борикаи Ғазза гуфтугу ва табодули назар кард.
Вазири умӯри хориҷаи Эрон бо маҳкӯм кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар муҳосираи борикаи Ғазза ба манзури ҷилавгирӣ аз ирсоли кумакҳои башардӯстона,назири ғизо, об ва дору афзудустариши эҳтимолии ҷанг дар дигар ҷабҳаҳо ба марҳалаи иҷтинобнопазир наздик мешавад ва лозим аст дар кутоҳтарин вақти мумкин коридорҳои муносиб барои ирсоли об, ғизо ва колоҳои доруӣ ва пизишкӣ ба мардуми Ғазза эҷод шавад.
Вазири умӯри хориҷаи Ирландия низ бо ибрози нигаронӣ аз густариши танишҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ гуфтозим аст дар ин ҷанг ҳуқуқи байналмиллалии башардӯстона риоят шавад. Мартин таъкид кард:Ирландия бар зарурати эҷоди коридори башардӯстона барои ирсоли кумакҳо ва колоҳои инсондӯстонаи зарурӣ ба мардуми Ғазза таъкид дорад.