Октябр 17, 2023 19:26 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Сиёсатҳои Амрико омили муҳимми дар тадовуми ҷанг Ғазза аст
    Амирабдуллоҳиён: Сиёсатҳои Амрико омили муҳимми дар тадовуми ҷанг Ғазза аст

Вазири умури хориҷаи Эрон сиёсатҳои ғайрисозандаи Амрико ва ташвиқи режими саҳюнистӣ тавассути Вашингтон барои анҷоми ҳамалоти бештари зидди ғайри низомиён дар Ғаззаро омили муҳимми дар тадовум ва густариш ҷанг донист.

Неруҳои муқовимати Фаластин аз шанбеи 7 октябри 2023 амалиёти ҳамаҷониба ва беназири бо номи Туфони алақсоро аз Ғазза ҷануби Фаластин зидди мавозиъи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ оғоз карданд.

Шикасти фоҷеъабори саҳюнистҳо ҳалокати беш аз 1000 саҳюнист ва аз даст додани бархе шаҳракҳо ва мақарҳои низомӣ боис шуд сарони ин режим дар рузҳои ахир борҳо ғайринизомиён ва мардум бегуноҳи Ғаззаро ҳадаф қарор дода ва бо муҳосираи ин шаҳр ҷинояти ҷангӣ муртакиб шаванд.

Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза эълом кард шумори шуҳадои бомбаборони мудовими режими саҳюнистӣ ба беш аз 2800 шаҳид ва беш аз 11000 захмӣ расида аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳусайн Аамирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонии Ҷозеф Борел масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо гуфт мутаассифонаи рузонаи байни 300 то 700 ғайринизомӣ дар Ғазза ба шаҳодат мерасанд ва бо тавваҷуҳ ба муҳосраи Ғазза ва баста будани каридури башардустона имкони ирсоли дору ва ғизо барои сокинини Ғазза вуҷуд надорад.

Амирабдуллоҳён афзуд идомаи ҷиноёти режими саҳюнистии зиди мардуми мазлуми Фаластин дар ҳоле аст ки баргузарии тазоҳуроти густарда дар ҷаҳон дар маҳкумияти иқдомот ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ зидди мардуми ғайринизомӣ ва занону кудакон дар ғазза мушоҳида мешавад.

Ҷозефи Борел масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ дар ин гуфтугуи телефонӣ гуфт: Густариши танишҳо дар минтақа бисёр хатарнок аст ва лозимаст тамомии тарафҳо хештани дорӣ пеша кунанд.

Борел бо баёни ин ки Иттиҳодияи Аврупо ба талошҳо ҷиҳати таваққуфи ҷанг идома медиҳад тасреҳ кард: Иттиҳодияи Аврупо бар боз шудани каридури башардустона барои кумак ба ғайринизомиёни Ғазза таъкид дорад.

Борел ҳамчунин бар нақши муҳими Эрон дар коҳиши танишҳо дар минтақа таъкид кард ва ба лузуми ҳали мавзуъоти консули миёни Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо ишора кард.

Барчасп