Октябр 18, 2023 20:53 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Эрон хостори таҳрими фаврӣ ва комили режими саҳюнистӣ тавассути кишварҳои исломӣ шуд
    Вазири хориҷаи Эрон хостори таҳрими фаврӣ ва комили режими саҳюнистӣ тавассути кишварҳои исломӣ шуд

Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи иҷлоси фавқулодаи кумитаи иҷроии Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда бо Ҳусайн Тоҳо Иброҳим, дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён дар ин дидор аз баргузории ин ҷаласа дар Ҷадда ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Вай бар зарурати пайгирии ҷиддии қатъи фаврии ҳамалоти ҷиноятомези режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза, ирсоли фаврии кумакҳои инсондӯстона ба Ғазза ва муқобила бо кӯчонидани мардуми Ғазза таъкид карду афзуд, зарурӣ аст ин мавзӯот дар дастури иҷлоси имрӯз бошад.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин хостори таҳрими фаврӣ ва комили режими саҳюнистӣ тавассути кишварҳои исломӣ, таҳрими нафтӣ алайҳи режими ёдшуда ва ихроҷи суфарои ин режими ҷинояткор аз кишварҳое ки дорои робита бо ин режими ғосиб ва ҷаълӣ ҳастанд, таъкид кард.

 

Барчасп