Октябр 19, 2023 17:13 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Хуни шаҳидони мазлуми фаластинӣ назми кунунии ҷаҳонро ба ҳам хоҳад рехт

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Ончӣ ки имрӯз дар Ғазза ва алайҳи мардуми мазлуми Фаластин дар ҳоли вуқуъ аст, таблое аз маданият, озодӣ ва ҳуқуқи башари иддаоии ғарбиҳо аст.

Ба гузориши хабаргузории Эрон пресс, Сайид Иброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳамоиши таҷлил аз дастовардҳову такрими фаъолони низоми беҳдошти Эрон зимни гиромидошт ва адои эҳтиром ба рӯҳи шуҳадои мазлуми Ғазза гуфт : Хашму нафрате, ки имрӯз дар ҷаҳон бар ҳамаи миллатҳо ва бо ҳамаи ақоид ва боварҳо эҷод шуда, бархоста аз назми ноодилонаи ҷаҳонӣ аст, ки дар он ба занону кӯдакон ин гуна зулм шуда ва ҷои золиму мазлум иваз мешавад.
Раисӣ ветои қатъномаи таваққуфи ҳамалоту ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғаззаро зулми музоъаф ба фаластиниён ва балки ба башарият унвон ва тасреҳ кард : Имрӯз парчами дифо аз мазлумини Фаластин, ки хунашон ба хотири султаталабӣ, истикбор ва фузунталабии султагарон ва дар садри он шайтони бузург-Амрико рехта шудааст, аз сӯи низоми исломӣ барафрошта шудааст.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома фаҷоиъи дар ҳоли вуқуъ дар Ғаззаро наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият тавассути Амрико, режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни онҳо тавсиф кард ва гуфт : Мо муътақидем қатъан хуни шаҳидони мазлуми фаластинӣ назми кунунии ҷаҳонро ба ҳам хоҳад рехт ва низоми одилонаеро дар ҷаҳон мустақар хоҳад кард.
 

 

Барчасп