Декабр 30, 2016 17:26 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Оташбас дар Сурия дастоварди бузург аст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо истиқбол аз иҷрои тавофуқномаи оташбас дар Сурия, ин тавофуқро дастоварди бузург ва муҳим хонд.

Дар паёми твиттерии Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон омадааст: “Тавофуқи оташбас дар Сурия як дастоварди бузург аст, ки метавон бо истифода аз ин фурсат - решаҳои терроризмро ҳадаф қарор дод ва масири ҳалли буҳрони Сурияро ҳамвор кард”.

Бар асоси тавофуқ, оташбасе фарогир аз бомдоди ҷумъа дар саросари Сурия ба иҷро гузошта шудааст.

Раиси ҷумҳурии Русия рӯзи панҷшанбе эълом карда буд, ки ҳамгироиҳои Теҳрон, Маскав ва Анкара омили тавофуқҳои барқарории оташбас дар Сурия шуда ва се кишвар ба сурати муштарак замонати иҷрои онро бар ӯҳда гирифтаанд.

Дар буҳрони Сурия, ки аз ҳудуди шаш соли пеш бо ҳимояти бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва минтақа аз гурӯҳҳои террористӣ ва мухолифи давлати Димишқ оғоз шуд, даҳҳо ҳазор шаҳрванди сурӣ кушта, садҳо ҳазор тан овора ва миллиардҳо доллар хисорат ба таъсисоти зербноии ин кишвар ворид шудааст.

 

Барчасп