Октябр 22, 2023 10:25 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Уммон бар кумакрасонии ҳамоҳангии кишварҳои исломӣ ба мардуми Фаластин
    Таъкиди Эрон ва Уммон бар кумакрасонии ҳамоҳангии кишварҳои исломӣ ба мардуми Фаластин

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Уммон бар ҳамоҳангии талошҳо ва таҳаррукоти кишварҳои исломӣ барои кумак ба мардуми Фаластин таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳусейн Амирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Эрон ва Бадари Албусъиди вазири хориҷаи Уммон шанбешаб дар тамоси телефонӣ роҳҳои таваққуфи фаврии куштори мардуми Фаластин бавижа занон ва кудакон, лағви фаврии муҳосираи навори Ғазза ва ирсоли кумакҳои инсондустона шомили сухт, ғизо, дору ва таҷҳизоти пизишкиро баррасӣ карданд.

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Уммон ҳамчунин мухолифати қотеъи худро бо сиёсати кучи иҷбории сокинони фаластинии навори Ғазза эълом карданд.

Барчасп