Октябр 22, 2023 12:55 Asia/Dushanbe
  • Эъломи соати замони бозии Персполис ва Истиқлоли  Тоҷикистон
    Эъломи соати замони бозии Персполис ва Истиқлоли Тоҷикистон

Конфедерасияи Осиё соати дақиқи бозии Персполис ва Истиқлоли Тоҷикистонро эълом кард.

Ба гузориши родиои тоҷикии Садои Хуросон соати сеюмин бозии футболи Персполис дар лиги қаҳрамонони Осиё дар тақобул бо Истиқлоли Тоҷикстон эълом шудааст.

Дар идомаи мусобиқоти футболи лиги қаҳрамонони Осиё Персполис дар варзишгоҳи Озодӣ ба масофи Истиқлоли Тоҷикистон меравад.

Ду тими Персполиси Эрон ва Истиқлоли Тоҷикистони бозии сеюми худро лиги қаҳрамонони Осиё дар рузи сешанбе 2 обонмоҳи 1402 аз соати 19:30 ба вақти Теҳрон дар варзишгоҳи Озодӣ баргузор хоҳанд кард.

Тими Персполиси Эрон дар бозии нахусти ин гуруҳ ки дар варзишгоҳ бидуни тамошогари Озодӣ баргузор шуд муқобили Аннасри Арабистон бо натиҷаи 2 бар сифр шикасти хурда буд.

Сурхпушон дар бозии дувум дар Қатар бо натиҷаи як бар сифр тими Алдуҳайлро аз пеш руи худ бардоштанд то ба бозии сеюм ин гуруҳ барисанд.

Тими Истиқлоли Тоҷикистон низ дар бозии аввали худ дар гуруҳ бо натиҷаи сифр бар сифри муқобили Алдуҳайл мутаваққиф шуд ва дар бозии ҳафтаи дувум муқобили Аннасри Арабистон бо натиҷаи 3 бар 1 шикастро пазиро шуда буд.

Барчасп