Раисӣ: Мавзеи воҳиди ҷаҳони Ислом метавонист монеи зулми режими саҳюнистӣ шавад
(last modified Tue, 24 Oct 2023 13:17:37 GMT )
Октябр 24, 2023 18:17 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ Эрону Арабистонро ду кишвари бузургу муҳими минтақа донист
    Раисӣ Эрону Арабистонро ду кишвари бузургу муҳими минтақа донист

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ойини дарёфти устуворномаи сафири ҷадиди Арабистон дар Теҳрон таъкид кард, мавзеи воҳиди ҷаҳони Ислом метавонист монеи зулми режими саҳюнистӣ шавад.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон имрӯз (сешанбе) дар ойини дарёфти устуворномаи Абдуллоҳ бин Сауд Алъанзи, сафири ҷадиди Арабистони Саудӣ дар Теҳрон, бар зарурати талоши дастгоҳи дипломатии ду кишвар барои баҳрагирӣ ҳар чӣ бештар аз имконоти Эрону Арабистон дар ҷиҳати тақвияти равобити судманди дуҷониба ва таъмини манофеи миллатҳои минтақаву ҷаҳони Ислом таъкид кард.

Раиси ҷумҳури Эрон дар ойини дарёфти устуворномаи сафири ҷадиди Арабистон гуфт, дар ҷараёни ҷиноёти бесобиқаи режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ғарбиаш дар Ғазза, мавзеи якпорчаву воҳиди ҷаҳони Ислом метавонист ба шакле муассиртар монеи зулму таҷовузи режими саҳюнистӣ ва зиёдахоҳиҳои ҳомиёни ғарбиаш шавад.

Ба гузориши ИРНА, Раисӣ Эрону Арабистонро ду кишвари бузургу муҳими минтақа муаррифӣ карду гуфт, баҳрагирӣ аз зарфиятҳои мутақобилу густариши равобити ду кишвар дар тавсеаву тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҳаллу фасли масоили минтақаву ҷаҳони Ислом муассир хоҳад буд.

Раиси ҷумҳур ҳамчунин табодули зарфиятҳои мутақобил миёни кишварҳои исломиро бартарафкунандаи бисёре аз ниёзҳои ин кишварҳо ва бениёзии онҳо аз ҳузуру мудохилаи кишварҳои бегона дар минтақа донисту гуфт, ҳузури бегонагон дар минтақа на танҳо ҳеҷ мушкилиро ҳал намекунад, балки худ омиле дар ростои ташдиди мушкилот аст.

Сафири ҷадиди Арабистони Саудӣ дар Теҳрон низ дар ин маросим, имрӯзро рӯзе таърихӣ тавсиф карду зимни тақдими саломҳои гарми подшоҳу валиаҳди Арабистон ба Раисӣ ва миллати Эрон гуфт, равобити Эрону Арабистон бисёр мустаҳкам аст.