Октябр 26, 2023 10:18 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума, духтари имом Мӯсои Козим ва хоҳари имом Ризо
    Солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума, духтари имом Мӯсои Козим ва хоҳари имом Ризо

Эрони исломӣ дар солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с.а), хоҳари гиромии ҳазрати имом Ризо (а), набераи паёмбар ва имоми ҳаштуми шиаёни ҷаҳон ғарқ дар сӯгу мотам аст.

Имрӯз – панҷшанбе, 10 рабеуссонии соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо 5 ноябри соли 2023 солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с.а), духтари имом Мӯсои Козим (а), набераи паёмбар ва имоми ҳафтуми шиаёни ҷаҳон аст.

Мардуми Эрони исломӣ бо барафроштани парчамҳои сиёҳ ба нишонаи азо ва бо баргузории маросими мухталифи азодорӣ, иродати худ ба ин бонӯи Ислом ва ишқу иродати худро ба хонадони аҳли байти исмату таҳорат (а) ба намоиш мегузоранд.

Дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (с.а) дар Қум, ҷануби Теҳрон ҳам барномаҳои вижаи суханронӣ ва маддоҳӣ баргузор ва зоирону муҷовирони он ҳазрат азодорӣ ва сӯгворӣ мекунанд.

Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати Маъсума (с) - ро ба ҳамаи озодихоҳону мусулмонон ва шиаёни ҷаҳон таслият мегӯяд.