Октябр 26, 2023 18:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори муовини аввали раиси ҷумҳӯри Эрон бо нахуствазири Тоҷикистон

Муҳаммади Мухбир-муовини аввали раиси ҷумҳӯри Эрон субҳи имрӯз панҷшанбе бо нахуствазири Тоҷикистон дидору гуфтугу карданд.

Бисту дуюмин иҷлоси Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай субҳи имрӯз дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.
Баъд аз поёни ин иҷлос Муҳаммади Мухбир-муовини аввали раиси ҷумҳӯри Эрон дар маҳали иқомати худ бо Қоҳир Расулзода- нахуствазири Тоҷикистон дидор кард.
Мухбир дар ин дидор бо ишора ба иттифоқоту куштори мардум дар Ғазза изҳор дошт : Иттифоқоте ки дар Ғаззаву Фаластин рух дода рӯҳияи ҳамагонро ҷариҳадор кардааст.
Мухбир идома дод : Лозимаи тавсеаи муносиботи иқтисодии Теҳрон - Душанбе ин аст,ки бахши хусӯсии ду кишвар беш аз пеш фаъол шаванд ва мо бояд бистару заминаи фаъолияти бахши хусӯсӣ ва фаъолони иқтисодии ду кишварро фароҳам кунем.
Нахуствазири Тоҷикистон низ дар ин дидор зимни эъломи мувофиқат бо пешниҳодоти муовини аввали раиси ҷумҳӯри Эрон дар хусӯси ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза гуфт : Тоҷикистон дар хусӯси мусибатҳои ворида ба мардуми Ғазза бо Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамроҳ аст ва аз дидгоҳи муштараке дар ин хусӯс бархӯрдор ҳастем.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо таъкид бар инки бояд бар густариши равобити иқтисодии дуҷониба тамаркуз карда ва шароити лозимро барои пешбурди ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар фароҳам кунем, тасреҳ кард : Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эрон аз аҳамияти вижае барои Тоҷикистон бархурдор аст ва Душанбе аз сармоягузорӣ ва фаъолияти ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон истиқбол мекунад.
 

 

Барчасп