Октябр 30, 2023 20:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои гардишгарӣ байни Эрону Чин
    Ҳамкориҳои гардишгарӣ байни Эрону Чин

Муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон таъкид кард, тақозои чиниҳо барои сафар ба Эрон афзоиш ёфтааст.

Нишасти кумитаи фаннии ҳамкориҳои гардишгарии Эрону Чин бо ҳузури Алиасғари Шолбофиён, муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон ва Ливоинг Чу Онг, муовини вазири фарҳангу гардишгарии Чин дар кохи Саъдобод баргузор шуд.

Нахустин суратҷаласаи нишасти кумитаи фаннии ҳамкориҳои гардишгарӣ байни Эрону Чинро низ муовини гардишгарии Эрон ва муовини вазири фарҳангу гардишгарии Чин имзо карданд.

Ҳамзамон бо ин нишаст, намоишгоҳи ҷилваҳои ҳунару тамаддуни Чин дар Эрон низ дар кохи Саъдобод барпо шуд.

Ин намоишгоҳ гӯшае аз ҳунарҳову таърихи Чинро муаррифӣ кардааст.

Афзоиши гардишгарони Чин ба Эрон

 

Муовини гардишгарии Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастӣ дар ин нишаст гуфт, тақозои чиниҳо барои сафар ба Эрон афзоиш ёфтааст, ба гунае ки дар ҳафт моҳи нахусти имсол (1402) 50 ҳазор гардишгари чинӣ вориди Эрон шуданд.

Ба гузориши ИСНА, Шолбофиён афзуд, қатъан қарор додани номи Эрон ба унвони як мақсади бартари гардишгарӣ аз сӯи давлати Чин дар барномаҳои гардишгарии ин кишвар дар афзоиши ин тақозоҳо бетаъсир набудааст.

Муовини вазири фарҳангу гардишгарии Чин низ гуфт, Эрону Чин ба унвони ду тамаддуни бостонӣ дорои зарфиятҳои ғанӣ ҳастанд ва метавонанд дар заминаҳои густардатаре ҳамкорӣ дошта бошанд.