Қаҳрамонии миллипӯшони Эрон дар мусобиқоти Фитнес-челенҷи ҷаҳон
(last modified Mon, 30 Oct 2023 15:37:38 GMT )
Октябр 30, 2023 20:37 Asia/Dushanbe
  • Фитнес - челенҷ
    Фитнес - челенҷ

Дар поёни мусобиқоти 2 нафара ва тими Фитнес-челенҷи қаҳрамонии ҷаҳон намояндагони Эрон дар маҷмуъ бо касби 3 тилло, 2 нуқра ва 4 бронз унвони қаҳрамонии ҷаҳонро касб карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, пас аз дурахшиши намояндагони Эрон дар бахши инфиродии мусобиқоти Фитнес-челенҷи қаҳрамонии ҷаҳон -2023 Бишкек, тими миллии Эрон кори худро дар рақобатҳои дунафара оғоз кард.

Пас аз баргузории ин рақобатҳо тими миллии Эрон тавассути тимҳои дунафараи Партави Асъадӣ ва Зайнаби Марвиён ва  Кисро Хусравӣ ва Амири Парвин ва Алии Толиши Ҳусайнӣ ва Ансор Мардона муваффақ ба касби 1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 бронз дар бахши голди бузургсолон (болотарин сатҳи рақобатҳо) шуданд.

Фитнес челенҷ

 

Ҳамчунин намояндагони Эрон дар бахшҳои дигар муваффақ ба касби 1 медали тиллои 1 нафара ва 2 бронз шуданд.

Ҳамчунин дар бахши тимӣ, ки фақат дар радаи мардон баргузор шуд, тими алифи Эрон ба унвони нахуст даст ёфт ва ба медали тилло расид.

Бар асоси ин гузориш, тими Қирғизистон дувум шуд ва тими Б Эрон ҳам дар радаи сеюм истод ва ба медали нуқра расид.

32 варзишкор дар бахши мардон ва 11 варзишкор дар бахши бонувони бузургсолон ва 8 варзишкор дар бахши ҷавонон дар ин рақобатҳо ширкат карда буданд.