Ҷашни обонгон чист?
Дар Эрони бостон ҳар рӯз як ном дораду замоне, ки номи он рӯз бо номи моҳ яке бошад, ҳангомае баргузории ҷашн аст. Рӯзи даҳуми обон (аввали ноябр) мусодиф аст бо ин ҳамномӣ ва ҷашни бузурги “обонгон” баргузор мешавад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, “обонгон” ҷашне аст, ки дар он аз Аҳуромаздо ба хотири офариниши об қадрдонӣ мешавад, ки бо ин унсур, зиндагиро ҳаёт додааст. Аз тарафе Оноҳито Эзадбону муҳофизу нигаҳбони обҳо ҳам ситоиш мешавад, ки аз ин унсури воло нигаҳдорӣ мекунад. Бахше аз китоби Авесто дар бораи Оноҳитост ва аз ӯ ба унвони ҳаётдиҳанда, тамиз ва тасфиякунанда, афзояндаи сарват ва саломатӣ ва қудратдиҳанда ёд мешавад.
Об унсури ҳаёт аст ва замини мурдаро зинда мекунад. Об пок мекунаду нопокиҳоро мешӯяд. Об бо хосияти худ, ки ободонӣ меоварад, боиси афзоиши неъмат ва сарват мешаваду саломатро ба ҳамроҳ меовараду об бо тамомии хубиҳо ва рушдҳое, ки ба ҳамроҳ дорад қудратро ба дунбол худ меоварад.
Обон ҷамъи об аст. Чаҳор унсури об, оташ, хок ва ҳаво дар ойини эрониёни бостон бисёр муқаддас аст.