Қадрдонии Амирабдуллоҳиён аз мавзеъи зиддисаҳюнистии кишварҳои Амрикои лотин
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мавзеъҳои зулмситезона ва зиддисаҳюнистии кишварҳои Амрикои лотин қадрдонӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, неруҳои муқовимати Фаластин ҳафтуми октябр 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи «тӯфон ал-Ақсо»-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеъи режими ишғолгари Қудс оғоз карданд ва ин режим барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти муқовимат, тамоми гузаргоҳҳои навори Ғаззаро баста ва дар ҳоли бомбаборони ин минтақа аст.
Сухангӯи Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, шумори шуҳадои Ғазза ба 9 ҳазору 227 нафар ва шумори маҷрӯҳон ба 23 ҳазору 560 нафар расидааст.
Аз ин ру дар пайи тадовуми ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза ,теъдоде аз кишварҳои Амрикои лотин дар эътироз ба ин мавзӯъ тайи рӯзҳои ахир иқдом ба фаро хондани сафирони худ аз сарзаминҳои ишғолӣ кардаанд.
Дар ҳамин росто Ҳусайни Амирабдуллоҳиён- вазири умури хориҷаи Эрон дар сафҳаи иҷтимоии Х дар иртибот бо таҳаввулоти Фаластин навишт: Истимрори куштори занон ва кудакон, тахриби мадорис, бемористонҳо, масоҷид ва калисо дар Фаластин тавассути саҳюнистҳо мисдоқи боризи ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ аст.
Амирабдуллоҳиён афзуд: Мавозеъи зулмситезонаи кишварҳои Амрикои лотин зидди режими апартеиди саҳюнистӣ қобили тақдир аст.