Ҳузури Эрон дар бисту панҷумин Намоишгоҳи байналмиллалии бостоншинохтии Италия
(last modified Sat, 04 Nov 2023 08:34:53 GMT )
Ноябр 04, 2023 13:34 Asia/Dushanbe
  •   Ҳузури Эрон дар бисту панҷумин Намоишгоҳи байналмиллалии бостоншинохтии Италия

Бисту панҷумин Намоишгоҳи байналмиллалии бостоншинохтии Италия бо ҳузури ройзани фарҳангӣ ва намояндагони Эрон баргузор шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Намоишгоҳи байналмиллалии бостоншинохтии Италия, танҳо намоишгоҳе дар дунё аст, ки ба сурати ихтисосӣ на танҳо ба бостоншиносии маҷозӣ ва муаррифии ибдооти ҷадиди фановариҳои чандрасонаӣ (мултимедя) мепардозад, балки маҳалле барои фаъолони гардишгарӣ ҷиҳати ироаи маҳсулот ва бастаҳои гардишгарии тахассусии (мероси фарҳанги) худ ба умуми мардум мебошад.

 Ҳадафи баргузоркунандагони ин намоишгоҳи тахассусӣ, муаррифии пойгоҳҳо ва музейҳои бостоншиносӣ ва афзоиши ҷойгоҳи гардишгари бостоншинохтӣ дар бозор ва иқтисоди гардишгари мебошад. Ин намоишгоҳ аз сӯи маҷомеъи байналмиллалие ҳамчун СММ, Юнеско ва Созмон ҷаҳонии гардишгарӣ ба расмият шинохта шудааст.

 Ин намоишгоҳ ҳамасола баргузор мешавад, ки дар тӯли муддати 4 рӯз теъдоди зиёде боздидкунанда аз тамоми Италия ва кишварҳои дигарро ба худ ҷалб мекунад.