Ноябр 04, 2023 18:19 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Эрону Русия дар бораи таҳаввулоти Ғазза

Вазирони хориҷаи Эрону Русия дар гуфтугӯи телефонӣ зимни мурури охирин таҳаввулоти Ғазза бар зарурати таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, вазорати хориҷаи Русия дирӯз (ҷумъа) дар баёнияе аз гуфтугӯи телефони Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ва Сергей Лавров, вазирони хориҷаи Эрону Русия дар бораи таҳаввулоти кунунӣ дар минтақа ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ хабар дод.

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ, тарафайн зимни нигарониҳо дар робита бо даргириҳои мусаллаҳонаи кунунӣ дар Борикаи Ғазза, бар лузуми оташбаси фаврӣ ва ирсоли кумакҳои башардустона ба ин минтақа таъкид карданд.

Лавров низ талошҳои Русия дар Шӯрои амнияти Созмони милал барои танишзудоӣ ва овардани шароити кунунӣ ба каналҳои дипломатӣ ва сиёсиро низ барои Амирабдуллоҳиён ташреҳ кард.

Бинобар эъломи вазорати хориҷаи Русия, Амирабдуллоҳиён ва Лавров дар ин гуфтугӯ ҳамчунин дар бораи бархе мавзуоти мавриди алоқаи дуҷониба ройзанӣ карданд.

 

Барчасп